Муқаддима:
Депрессия (ихтилоли шадиди депрессивӣ) як бемории маъмул ва ҷиддии равонӣ буда, ба тарзи эҳсос, тафаккур, рафтор ва дарки олами атроф таъсири манфӣ мерасонад. Лаҳзаҳои ғамгинӣ ё "рӯҳафтодагӣ" қисми табиии таҷрибаи инсонӣ мебошанд. Аммо барои гузоштани ташхиси депрессия зарур аст, ки аломатҳои зикршуда қисми зиёди рӯз, тақрибан ҳар рӯз, беш аз ду ҳафта давом кунанд ва тағйироти возеҳ дар фаъолияти ҳаррӯза мушоҳида шавад.
Илм дар бораи депрессия
Албатта, дар ин раванд моддаҳои кимиёвӣ иштирок мекунанд, аммо масъала танҳо дар кам ё зиёд шудани як модда нест. Баръакс, дар ин раванд миқдори зиёди моддаҳои кимиёвӣ иштирок доранд, ки ҳам дар дохили ҳуҷайраҳои асаб ва ҳам берун аз онҳо амал мекунанд. Миллионҳо, ҳатто миллиардҳо аксуламали кимиёвӣ системаи динамикиеро ташкил медиҳанд, ки барои кайфият, идрок ва тарзи эҳсоси мо аз зиндагӣ масъул аст. Дар қисматҳои мағзи сар чунин тағйирот рух медиҳад:
Бодомак (амигдала) қисми як гурӯҳи сохторҳои чуқур ҷойгиршуда дар мағзи сар аст, ки бо эҳсосоте чун хашм, лаззат, андуҳ ва тарс алоқаманд аст. Ҳангоми депрессия фаъолнокии бодомак меафзояд. Ин афзоиши фаъолнокӣ бо мурури замон метавонад боиси калон шудани андозаи он гардад.
Дар баъзе шахсони гирифтори депрессия ҳиппокамп андозаи хурдтар дорад ва таҳқиқот нишон медиҳанд, ки таъсири дарозмуддати гормонҳои стресс рушди нейронҳоро маҳз дар ҳамин қисми мағз халалдор мекунад. Ҳиппокамп дар коркарди хотираи дарозмуддат нақши муҳим мебозад
Мағзи инсон дар мувозинати нозуки байни импулсҳои барқӣ ва сигналҳои кимиёвӣ фаъолият мекунад, ки маҳз ҳамин мувозинат тарзи эҳсос, тафаккур ва вокуниши моро ба олами атроф муайян мекунад. Дар марказҳои эҳсосии мағз, бахусус дар бодомак ва ҳиппокамп, ин мувозинат тавассути мубодилаи доимии нейротрансмиттерҳо, ки фаъолияти нейронҳоро ё бармеангезанд ё ором мекунанд, нигоҳ дошта мешавад. Вақте ки стресс ё осеб хусусияти музмин мегирад, танзими ин сигналҳо халалдор шудан мегирад: дар баъзе минтақаҳо аз ҳад зиёд ангезиш ва дар дигарҳо коҳиши фаъолнокӣ ба вуҷуд меояд. "Дар байни ҳуҷайраҳои асаб дар марказҳои болоии мағз, ки барои танзими кайфият ва эҳсосот масъуланд, паёмрасонҳои кимиёвӣ, аз ҷумла глутамат ва ГАМК, мавҷуданд." Маҳз ҳамин ду модда маъмултарин нейротрансмиттерҳои мағз мебошанд. Онҳо муайян мекунанд, ки мағз дар давоми умр чӣ гуна тағйир меёбад ва рушд мекунад. Вақте ки инсон стресс ва изтиробҳои музминро аз сар мегузаронад, баъзе пайвандҳо байни ҳуҷайраҳои асаб мешикананд. Дар натиҷа, алоқа байни ҳуҷайраҳои осебдида "пурғавғо" мегардад. Бисёр олимон бар онанд, ки маҳз ҳамин ғавғо, дар баробари гум шудани умумии пайвандҳо, асоси биологии депрессияро ташкил медиҳад.
Чаро бояд ба депрессия ҷиддӣ муносибат кард?
Мутаассифона, тибқи гузориши Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC), ҳарчанд сатҳи худкушӣ дар солҳои охир коҳиш ёфтааст, шумораи кӯшишҳои эҳтимолии худкушӣ, бахусус дар байни ҷавонон, рӯ ба афзоиш аст. Бемории асосии маъмултарин дар байни касоне, ки аз худкушӣ мемиранд, депрессия аст.
Аломатҳои маъмули депрессия аз хастагӣ, мушкилоти хоб, тағйири иштиҳо ва дарди ҷисмонӣ иборатанд. Дар байни аломатҳои эҳсосӣ бештар аз даст додани таваҷҷуҳ ба фаъолиятҳо, ғамгинии доимӣ, тағйироти якбораи кайфият, ҳамлаҳои гиря, ноумедӣ ва бесеҳии эҳсосӣ мушоҳида мешаванд.
Депрессия як ихтилоли невролологӣ буда, бо номутавозинии моддаҳои асосии кимиёвии мағз, яъне серотонин, дофамин, норадреналин ва ГАМК алоқаманд аст. Сатҳи пасти ин нейротрансмиттерҳо метавонад ба кайфият, рафтор, хоб ва қобилияти қабули қарор таъсир расонад.
Аҳамияти табобати депрессия
Таҳқиқот пайванди қавӣ байни депрессияи табобатнашуда ва мушкилоти саломатии ҷисмониро нишон медиҳад. Шахсони гирифтори депрессия хатари бештари рушди бемориҳои музмин, аз қабили бемориҳои дил, диабет ва фарбеҳиро доранд.
Ҳолати доимии изтироби эҳсосӣ ва тағйироти физиологӣ, ки ҳамроҳи депрессия рух медиҳанд, метавонанд ба ин мушкилоти саломатӣ мусоидат кунанд. Ба ғайр аз ин, депрессияи табобатнашуда аксар вақт хоб ва иштиҳоро халалдор мекунад, ки ин боз ҳам ин мушкилоти саломатии ҷисмониро тезонад.
Хулоса:
Депрессияро "дидан" номумкин аст, зеро он инсонро аз дарун мехӯрад. Он қадар қувват мегирад, ки инсон дигар хоҳиши ба анҷом расонидани корҳо ва ҳатто хӯрок хӯрданро надорад. Беморон на аз номи беморӣ, балки аз аломатҳои дар боло зикршуда ранҷ мекашанд. Мутаассифона, ин ноумедӣ ва дур шудан аз воқеият метавонад боиси андешаҳои худкушӣ ва рафтори ғайримаъмулӣ гардад. Хушбахтона, инро тавассути табобати зарурӣ, ҷаласаҳои терапия ва доруворӣ пешгирӣ кардан мумкин аст.
Манобеъ:
Singh, M. K., & Gotlib, I. H. (2014). The neuroscience of depression: Implications for assessment and intervention. Behaviour Research and Therapy, 62, 60‑73. https://doi.org/10.1016/j.brat.2014.08.008
Yale Medicine. (n.d.). How depression affects the brain - Neurobiology of depression. Yale Medicine. Retrieved November 3, 2025, from https://www.yalemedicine.org/news/neurobiology-depression
American Psychiatric Association. What is depression? Retrieved November 3, 2025, from https://www.psychiatry.org/patients-families/depression/what-is-depression
Harvard Health Publishing. (2022, January 10). What causes depression? Harvard Health. https://www.health.harvard.edu/mind-and-mood/what-causes-depression
Stevens, A. (2021, October 19). Why depression should be taken seriously. The Heights Treatment. Retrieved November 3, 2025, from https://theheightstreatment.com/why-depression-should-be-taken-seriously/
Alchemy Wellness & Ketamine Therapy. (2024, February 20). Why is it important to treat depression? Retrieved November 3, 2025, from https://wellwithalchemy.com/why-is-it-important-to-treat-depression/
Шарҳҳо
Лутфан барои навиштани шарҳ ворид шавед Ворид шудан