Одати шабона – хатари фардо
Соати 1:38-и шаб аст. Телефони шумо чеҳраатонро равшан мекунад. "Боз як дақиқа..." мегӯед. Аммо ҳамон "як дақиқа" ба сӣ дақиқа табдил меёбад. Субҳидам бошад, чашмонатон сурх шуда, сарат вазнин мешавад ва шумо худро ба браузери сусткор, ки дар як вақт даҳҳо равзана кушода дорад, монанд ҳис мекунед. Бо вуҷуди ин, рӯзи дигар боз ҳамин одатро такрор мекунед.
Аммо шумо на танҳо хобро аз даст медиҳед — балки ба мағзи худ имкон медиҳед, ки худашро аз дарун мехӯрад. Бале, маҳз ҳамин тавр.
Бехобӣ (яъне кӯтоҳ шудани вақти хоб ва хоби бесифат) як мушкили паҳншуда дар ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Оқибатҳои он бошад, танҳо ба хамёза кашидан ё бештар қаҳва нӯшидан маҳдуд намешавад. Он мағзи моро дар сатҳи амиқтар осеб мерасонад.
Далелҳои илмӣ
Дар соли 2017 олимони Донишгоҳи Политехникии Марке дар Итолиё дар мушҳои маҳрум аз хоб як падидаи ҳайратангезро муайян карданд. Бехобии музмин ду навъи ҳуҷайраҳоро дар дохили мағз аз ҳад зиёд фаъол мегардонад.
Микроглияҳо — "сарбозони муҳофизати" мағз, ки ҳуҷайраҳои осебдида ва партовҳоро тоза мекунанд.
Астроситҳо — маводи кимиёвиро танзим мекунанд ва синапсҳои истифоданашударо "тоза карда", шабакаҳои нейрониро самаранок мегардонанд.
Аммо агар хоб кофӣ набошад, ин низомҳо аз идора берун мешаванд. Микроглияҳо ҳатто ҳуҷайраҳои солимро низ нобуд карданро оғоз мекунанд, астроситҳо бошанд, синапсҳои заруриро низ мебуранд. Дар натиҷа мағз "симҳои худ"-ро мехӯрдан мегирад. Ин ҳолат бо бемориҳои вазнине чун Алтсгеймер ва Паркинсон алоқаманд аст.
Дарс аз рекорди ҷаҳонӣ
Дар соли 1964 наврасе амрикоӣ бо номи Ренди Гарднер 264 соат — яъне зиёда аз 11 рӯз бедор монда, рекорд гузошт. Азбаски ӯ таҳти назорати табибон буд, дар баданаш зарари ҷисмонии доимӣ ба вуҷуд наомад. Аммо аз ҷиҳати ақлӣ чӣ? Нутқи ӯ вайрон шуд, диққаташ паст рафт, хотираш заъиф гардид ва ҳатто галлюсинатсияҳо пайдо шуданд.
Ин таҷриба як чизро исбот кард: ҳангоми маҳрумшавӣ аз хоб, зарбаи аввалин ва амиқтарин на ба бадан, балки маҳз ба мағз мерасад. Хатарноктарин ин аст, ки ин зарар хомӯшона идома меёбад, ҳатто вақте ки мо фикр мекунем, ки "ҳама чиз дар ҷояш аст".
Оқибатҳои пинҳонии бехобӣ
Маҳрумшавӣ аз хоб ба як қатор мушкилоти ҷиддӣ оварда мерасонад.
Пастшавии қобилияти маърифатӣ. Мағз дар давоми рӯзи корӣ бо иттилоот пур мешавад, дар шаб бошад хоб онро ба низом медарорад — хотираро мустаҳкам мекунад, маълумоти зиёдатиро пок мекунад ва диққатро барои рӯзи оянда барқарор месозад. Агар хоб кофӣ набошад, мағз бидуни "бригадаи тозакунӣ" мемонад. Дар натиҷа фаромӯшхотирӣ, вокуниши аз ҳад зиёд ба чизҳои хурд ва суст шудани диққат ба вуҷуд меояд. Бо гузашти вақт ин раванд ба вайроншавии доимии маърифатӣ табдил меёбад.
Ғизохӯрии носолим ва фарбеҳшавӣ. Хоб на танҳо ба истироҳати мағз, балки ба назорати иштиҳо низ кӯмак мекунад. Гормони грелин гуруснагиро зиёд мекунад, лептин бошад сериро нишон медиҳад. Бехобӣ миқдори грелинро зиёд ва лептинро кам мекунад. Ба ин сабаб инсон ба хӯрокҳои калориянок, равғанин ва ширин бештар моил мешавад. Ин бошад боиси вазни изофӣ мегардад.
Бемориҳои дилу рагҳо. Хоби солим фишори хунро паст мекунад ва ба дил истироҳат медиҳад. Бехобӣ бошад, сатҳи гормонҳои стрессро баланд нигоҳ медорад ва илтиҳобро тезонад. Дар натиҷа хатари сактаи қалб ва инсулт зиёд мешавад.
Вайроншавии мубодилаи моддаҳо. "Корхонаи энергия"-и бадани мо, яъне мубодилаи моддаҳо низ ба хоб вобаста аст. Бехобӣ ҳассосияти баданро нисбат ба инсулин паст мекунад. Шакар дар хун муддати дарозтар боқӣ мемонад ва хатари диабети навъи 2 меафзояд. Ин раванди суст, вале хатарнок аст.
Оё барқарор кардан имконпазир аст?
Хабари хуш дар он аст, ки мағз дараҷаи ҳайратангези мутобиқшавӣ дорад. Бо кӯшишҳои пайваста метавон бисёр оқибатҳои бехобиро суст кард, ҳатто қисман бартараф намуд.
Фаъолияти ҷисмонӣ. Таҷрибае, ки дар мушҳо гузаронида шуд, нишон дод, ки гурӯҳи машқкарда изтироб ва депрессияи камтар ҳис карда, хотираи беҳтар доштанд. Барои инсонҳо низ пиёдагардии мунтазам, дучархасаворӣ ё машқҳои одӣ мағзро муҳофизат мекунанд.
Баромадан ба оғӯши табиат. Минтақаҳои сабз ба ғайр аз баланд бардоштани рӯҳия, соати дохилии баданро — ритми сиркадиро низ аз нав танзим мекунанд. Нури офтоб ва оромии табиат стрессро кам карда, сифати хобро беҳтар мекунад.
Хӯрокҳои бой аз магний. Магний мушакҳоро суст мекунад ва ба истеҳсоли моддаи кимиёвии оромкунандаи GABA кӯмак мерасонад. Он дар сабзавоти баргдор, чормағз, тухмиҳо ва ҳатто шоколади талх мавҷуд аст.
Гигиенаи хоб. Ҳадаф гузоред, ки ҳар рӯз 7–9 соат хоб равед. Хусусан дар байни соатҳои 22:00–02:00 дар бадан гормони мелатонин дар миқдори бештарин истеҳсол мешавад. Ин бошад хобро амиқ ва босифат мегардонад. Пеш аз хоб хомӯш кардани чароғҳо ва дур мондан аз экранҳо низ хеле муҳим аст.
Машқҳои ором кардани рӯҳ. Йогаи сабук, медитатсия ё нафаскашии амиқи одӣ пеш аз хоб зарбони дилро паст карда, системаи асабро ором мекунад. Агар ин корро мунтазам иҷро кунед, мағз онро ҳамчун "сигнали хоб" қабул карданро оғоз мекунад.
Хулосаҳои ниҳоӣ
Хоб як ашёи ҳашамат нест, он монанди об ва хӯрок як эҳтиёҷи табиист. Зарарҳои бехобӣ аксар вақт пинҳонӣ оғоз мешаванд ва инсон онро дарҳол ҳис намекунад. Аммо тавассути барқарор кардани хоб метавон ба мағз имконияти ислоҳ кардан, барқарор шудан ва рушд карданро дод.
Аз ин рӯ, вақте ки шабона худро бо "боз як дақиқа" фиреб медиҳед, дар хотир доред: ҳар як соати ҳақиқии хоб — ин сармоягузорӣ ба бадани солим ва тафаккури равшани фардои шумост.
Шарҳҳо
Лутфан барои навиштани шарҳ ворид шавед Ворид шудан