Стресс ва мағз: стресси дарозмуддат хотира, қарорҳо ва ояндаи шуморо чи гуна шакл медиҳад
Нейроилм Мақола

Стресс ва мағз: стресси дарозмуддат хотира, қарорҳо ва ояндаи шуморо чи гуна шакл медиҳад

sarvinoz08 17 Sep, 2025 5 дақиқа хониш

Тақрибан ҳама вақт-вақти стрессро ҳис мекунад. Каме стресс пеш аз имтиҳон ё презентатсия тамаркузи шуморо тезтар мекунад ва шуморо ба беҳтар кор кардан тела медиҳад. Сабабаш дар он аст, ки стресс дар миқдори кам як қисми низоми наҷоти мо мебошад. Он дар бораи хатар хабар медиҳад ва моро ба амал водор мекунад.

Аммо агар стресс ҳафтаҳо, моҳҳо ё ҳатто солҳо аз байн наравад, чӣ мешавад? Он гоҳ он мағзро аз нав шакл додан мегирад ва ба тарзи фикр кардан, дар хотир нигоҳ доштани мо ва ҳатто қабули қарорҳои мо таъсир мерасонад. Олимон ин таъсири пинҳонии стрессро меомӯзанд ва натиҷаҳо ҳам ҷолиб, ҳам андаке нигаронкунандаанд.

Стресс ва хотира: тавозуни нозук

Мағзи шумо ба хотираи корӣ такя мекунад, яъне қобилияти нигоҳ доштани муваққатии маълумоти хурд ва истифодаи он. Тасаввур кунед, рақами телефонро хонда, дарҳол мехоҳед онро гиред. Ин истифодаи амалии хотираи корӣ мебошад.

Стресси кӯтоҳмуддат баъзан ин низомро тақвият дода метавонад. Масалан, «будан зери фишор» пеш аз имтиҳон ба ҷамъ кардани тамаркуз кӯмак мекунад. Аммо стресси музмин масъалаи комилан дигар аст.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки стресси дарозмуддат алоқаҳо (синапсҳо)-ро дар байни ҳуҷайраҳои мағз дар кортекси пешониш, ки барои қабули қарор, банақшагирӣ ва хотира масъул аст, кам мекунад.

Натиҷа чист? Шумо худро парешон, фаромӯшкор ва ноқодир ба фикр кардани возеҳ ҳис мекунед. Ин эҳсоси «сӯхта шудан» на танҳо тасаввуроти шумост, балки тағйирот дар сохтори мағзи шумост.

Стресс тарзи шунидани дунёи атрофи шуморо тағйир медиҳад

Стресси музмин на танҳо фикрҳои шуморо норавшан мекунад, балки ҳиссиёти шуморо низ тағйир дода метавонад. Тадқиқотҳое, ки дар ҳайвонот гузаронида шудаанд, нишон медиҳанд, ки стресси дарозмуддат қобилияти коркарди садоро дар мағз суст мекунад.

Ин чаро муҳим аст? Зеро вақте ки мағзи шумо аз ҳад зиёд бор мешавад, он вазифаҳои ҳаётан муҳимро аз чизҳои дигар афзалтар мегузорад. Он метавонад ҷузъиёти нозуки оҳанги садои каси дигарро сарфи назар кунад, ки ин дар сӯҳбатҳо, дар омӯзиш ё вазъиятҳои иҷтимоӣ шуморо камтар ҳушёр месозад. Бо мурури замон ин ҳатто метавонад ба ихтилолҳои дарк ва рӯҳия оварда расонад.

Чаро баъзе одамон ба депрессия дучор мешаванд, дар ҳоле ки дигарон баръакс тавонои барқарор шудан мешаванд

Оё ягон бор диққат додаед, ки дар як ҳолати якхелаи стрессӣ ду нафар тамоман муносибати гуногун нишон медиҳанд? Яке ба изтироб ё депрессия дучор мешавад, дигаре бошад ором ва бо тамаркуз боқӣ мемонад.

Олимон як қисми ин фарқиятро бо сафедаҳои махсусе, ки дар сатҳи мембранаи ҳуҷайраҳои мағз ҷойгиранд ва ретсепторҳои CB1 (Ретсептори Каннабиноид Навъи 1) номида мешаванд, вобаста кардаанд. Ин ретсепторҳо тарзи вокуниши нейронҳоро ба нейротрансмиттерҳое, ки рӯҳия ва стрессро идора мекунанд, танзим мекунанд. Одамон (ё ҳайвонот) бо ретсепторҳои CB1-и фаолтар устувортар мешаванд, яъне мағзи онҳо зери фишор беҳтар мутобиқ мешавад.

Хушбахтона, фаъолияти ҷисмонӣ, антидепрессантҳо ва ҳатто интихоби тарзи ҳаёти солим метавонанд фаъолнокии ретсепторҳои CB1-ро зиёд кунанд. Ин маънои онро дорад, ки мо метавонем мағзи худро ба муқобилат бо стресс омӯзонем.

Стресс воқеан чӣ гуна ба мағзи шумо таъсир мекунад?

Вақте ки шумо стрессӣ мешавед, амигдала, маркази тарси мағз, идораро ба даст мегирад. Ин мисли он аст, ки мағзи шумо ба «реҷаи наҷот» мегузарад ва захираҳоро аз хотира ва тафаккури олӣ дур мекунад. Барои ҳамин шумо дар вақти санҷиш аз хотира гум мешавед ё пас аз баҳс ҷузъиётро фаромӯш мекунед.

Стресс, инчунин, илтиҳобро ба вуҷуд меорад. Ин вокуниши аз ҳад зиёди системаи иммунии шумо ба сигналҳои хатари дарозмуддат мебошад. Илтиҳоб рагҳои хунро зарар мерасонад, дилро зӯр мекунад ва фаъолияти узвҳоро халалдор мекунад. Беморон инро дар шакли дарди сар, фишор дар қафаси сина, мушкилоти ҳозима ё хастагии доимӣ ҳис карда метавонанд. Бо мурури замон ин нишонаҳо метавонанд ба бемориҳои музмин, аз қабили фишори баланди хун, бемории дил ё бемории қанд оварда расонанд.

Гормонҳое ба монанди эстроген ва тестостерон ба тарзи вокуниш ба стресс таъсир мерасонанд. Ин шарҳ медиҳад, ки чаро мардон ва занон дар давраи балоғат, ҳомиладорӣ ё менопауза стрессро ба таври гуногун аз сар мегузаронанд.

Пас, мо мағзи худро аз стресс чӣ гуна муҳофизат мекунем?

Маълумоти илмӣ метавонад тарсовар ба назар расад, лекин онҳо ба ҳалли масъала низ ишора мекунанд. Дар зер якчанд усули содда ва илман асосноки муҳофизати мағзи шумо оварда шудааст:

  1. Имконияти пешгӯӣ карданро эҷод кунед. Имконияти пешгӯӣ кардан ҳисси устувориро дар ҳаёти рӯзмарраи шумо ифода мекунад. Ташаккули одатҳо, ба монанди соатҳои мунтазами дарс ё сайри субҳгоҳӣ, номуайяниро кам мекунад, ки ин вокуниши мағзро ба стресс сабук мегардонад.
  2. Ба хоб авлавият диҳед. Бехобӣ мағзро зери стресс заиф мекунад. Ба ҷадвали хоб риоя кунед, истеъмоли кофеинро баъд аз пешин кам кунед ва хонаи худро торик ва салқин нигоҳ доред.
  3. Тартиб диҳед. Навиштани вазифаҳои худ «бетартибӣ»-и ақлониеро, ки стрессро зиёд мекунад, кам мекунад. Нақшаи возеҳ ба мағзи ороматар меорад.
  4. Фаъол бошед. Машқҳои ҷисмонӣ на танҳо гардиши хунро тезтар мекунанд, балки эндорфинҳоро низ истеҳсол мекунанд. Ин моддаҳои табиии кимиёвии мағз вазифаи паёмбари «рӯҳияи хуб»-ро иҷро мекунанд. Эндорфинҳо ҳисси дардро кам мекунанд ва ҳиссиёти мусбатро бедор карда, дар муқобили стресс истодагарӣ карданро осон мекунанд.
  5. Бо дигарон муошират кунед. Дастгирии иҷтимоӣ устувориро зиёд мекунад. Сӯҳбат бо дӯстон, устодон ё мутахассисон ба идораи осонтари стресс кӯмак мекунад.
  6. Нуқтаи назари худро тағйир диҳед. Стресс на ҳамеша душман аст. Мақсад расидан ба стресси сифр нест, балки омӯхтани он аст, ки чӣ гуна ба он ҷои афтодан вокуниш нишон диҳем.

Хулосаи ниҳоӣ

Стресс қисми ҷудонашавандаи ҳаёти мо боқӣ мемонад. Аммо илм нишон медиҳад, ки муносибати мо ба стресс на танҳо саломатии равонии моро, балки сохтори мағзи моро низ шакл медиҳад. Тавассути одатҳои солим, хоби пурра, фаъолияти ҷисмонӣ, тартибу интизом ва дастгирии атрофиён шумо метавонед стрессро аз қувваи харобкунанда ба воситаи рушд табдил диҳед.

Дафъаи дигар, вақте ки худро зери фишор ҳис мекунед, фаромӯш накунед, ки мағзи шумо шуморо мешунавад. Қарорҳое, ки имрӯз қабул мекунед, метавонанд онро фардо боз ҳам тобовартар созанд.

Адабиёт:

  1. Harvard Health Publishing. (2021, July 6). Protect your brain from stress. Harvard Health. https://www.health.harvard.edu/mind-and-mood/protect-your-brain-from-stress
  2. American Brain Foundation. (2025, May 12). The brain and stress. American Brain Foundation. https://www.americanbrainfoundation.org/the-brain-and-stress/

Edited and translated by Mashhura Qudratova and Islomjon Izbasarov

стресси музмин ва мағз оқибатҳои стресси дарозмуддат стресс ва хотира таъсири кортизол стресс ва қабули қарор гиппокамп ва стресс қишри префронталӣ амигдала чӣ тавр стрессро кам кардан усулҳои идораи стресс сӯхтани эмотсионалӣ хатари изтироб ва депрессия

Ин навиштаро мубодила кунед:

Писанд омадан (Лутфан барои писанд кардан ворид шавед)

Шарҳҳо

Лутфан барои навиштани шарҳ ворид шавед Ворид шудан

Мақолаҳои марбут