Теломерҳо биологияи пиршавӣ ва орзуи умри дарозро чӣ гуна ташаккул медиҳанд
Андешаи зиндагии ҷовидона ҳамеша ба афсона ва тахайюлот тааллуқ дошт. Аммо биология нишон медиҳад, ки тухми чунин имконият аллакай дар ҳуҷайраҳои мо мавҷуд аст. Дар маркази ин достон теломерҳо, яъне қалпоқчаҳои протеинии ДНК, ки дар нӯги хромосомаҳои мо ҷойгиранд, қарор доранд. Ин "нӯгҳои ресмон"-и молекулавӣ маводи генетикии моро ҳифз мекунанд ва пусиши тадриҷии онҳо бо ҳар тақсимшавии ҳуҷайра яке аз сабабҳои амиқтарини пиршавӣ мебошад. Олимон бо омӯзиши теломерҳо на танҳо мефаҳманд, ки ҳуҷайраҳо то чӣ андоза метавонанд зинда бимонанд, балки инчунин мепурсанд, ки оё рӯзе ҳудуди умри инсонро васеъ кардан мумкин аст.
Теломерҳо чист?
Теломерҳо аз пайдарпаии такрории ДНК (дар одамон TTAGGG) иборатанд, ки бо протеинҳои махсус печонида шудаанд. Вазифаи онҳо содда, вале муҳим аст: пешгирӣ аз он, ки хромосомаҳо ба таври хато ҳамчун ДНК-и осебдида шинохта шаванд, вагарна равандҳои хатарноки таъмир фаъол мешаванд. Аммо ҳар бор, ки ҳуҷайра тақсим мешавад, механизми репликатсия наметавонад қисматҳои интиҳоии занҷири ДНК-ро пурра нусхабардорӣ кунад. Дар натиҷа теломерҳо оҳиста, вале пайваста кӯтоҳ мешаванд. Вақте ки онҳо аз ҳад зиёд кӯтоҳ мешаванд, ҳуҷайраҳо аз тақсимшавӣ бозмемонанд, яъне ё зинда мемонанд, вале ба ҳолати ғайрифаъол (сенессенс) мегузаранд, ё ба марги барномарезишуда (апоптоз) рӯ меоваранд. Ин соати табиӣ, ки ҳудуди Ҳейфлик номида мешавад, шумораи маҳдуди такрори имконпазири ҳуҷайраи инсонро муайян мекунад.
Дар ин раванд ферменти теломераза нақши ҳалкунанда мебозад. Теломераза метавонад бо илова кардани такрорҳои ДНК теломерҳоро дарозтар кунад, яъне "соатро аз нав танзим кунад". Он дар ҳуҷайраҳои эмбрионӣ ва бунёдӣ хеле фаъол буда, рушди дурустро таъмин мекунад, аммо дар аксари ҳуҷайраҳои болиғ хомӯш карда мешавад. Ин хомӯшшавӣ нуқсон нест, балки чораи ҳифзист, зеро бидуни он ҳуҷайраҳо хатари аз назорат баромаданро доранд. Саратон маҳз аз ин заифӣ истифода мебарад: дар зиёда аз 90 фоизи омосҳо теломераза дубора фаъол мешавад, ки ин ба ҳуҷайраҳо имкони тақсимшавии беохир медиҳад. Ба ин тартиб, теломераза шамшери дудама аст: он ваъдаи ҷавонсозиро медиҳад, вале дар айни замон хатари рушди омосҳои хатарнокро низ дар бар мегирад.
Эволютсия барои мубориза бо пусиши теломерҳо танҳо як стратегияро интихоб накардааст.
Гидра дар бофтаҳои худ ифодаи теломеразаро доимо нигоҳ медорад. Ин ба кӯтоҳшавии теломерҳо монеъ мешавад ва дар якҷоягӣ бо роҳҳои қавии барқарорсозӣ пиршавиро ба таври назаррас пешгирӣ мекунад. Биологияи гидра нишон медиҳад, ки дар сатҳи ҳуҷайра "ҷовидонагӣ" имконпазир аст, вале хатари экологӣ ва даррандагӣ мувозинати намудро нигоҳ медорад.
Наҳангҳои Гренландия бошанд, баръакс, бидуни фаъолияти пайвастаи теломераза беш аз 200 сол умр мебинанд. Геномҳои онҳо ба таъмир ва устувории ДНК таваҷҷуҳ доранд. Таҳқиқоти охирини фибробластҳои наҳангҳои Гренландия нишон медиҳад, ки кӯтоҳшавии теломерҳо мӯътадил аст, аммо суръати ҷамъшавии осеби ДНК хеле пасттар аст. Умри дарози онҳо на аз пурра худдорӣ кардан аз пусиши теломерҳо, балки аз мулоим кардани оқибатҳои он тавассути нигоҳдории ғайримаъмулии геном сарчашма мегирад.
Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки теломерҳо танҳо як қабати муаммои умри дароз мебошанд; дигар системаҳо, аз ферментҳои таъмир то танзими мубодилаи моддаҳо, метавонанд таъсири онҳоро тағйир диҳанд.
Оё инсонҳо метавонанд теломерҳои худро идора кунанд?
Барои инсонҳо дарозтар кардани сунъии теломерҳо ҳам ҳаяҷонбахш ва ҳам хатарнок аст. Равишҳои таҷрибавии кунунӣ таҳрири генҳо бо усули CRISPR барои тағйир додани ифодаи теломераза, молекулаҳои хурде, ки теломеразаро муваққатан фаъол мекунанд, ва дахолатҳое, ки ба протеинҳои танзимкунандаи вазифаи теломерҳо нигаронида шудаанд, дар бар мегиранд. Дар айни замон, маълум мешавад, ки интихоби тарзи ҳаёт бо роҳҳои нозук ба динамикаи теломерҳо таъсир мерасонад. Стресси музмин, тамокукашӣ ва ғизои нодуруст бо кӯтоҳшавии зудтари теломерҳо алоқаманданд, дар ҳоле ки машқҳои ҷисмонӣ, ғизои дуруст ва камкунии стресс ба нигоҳ доштани онҳо кӯмак мерасонанд. Ба ибораи дигар, одатҳои рӯзмарраи мо метавонанд ба ҳаракати ақрабаки соати биологии пиршавии мо таъсир расонанд.
Бузургтарин монеа
Мушкили бузургтарин ҳамчунон бетағйир мемонад: фаъолсозии теломераза метавонад пиршавии ҳуҷайраро суст кунад, аммо ин хатари саратонро низ зиёд мекунад. Вазифаи асосӣ пайдо кардани роҳҳои ҳифзи теломерҳост, бидуни он ки иҷозат дода шавад ҳуҷайраҳо аз назорат бароянд. Аз ин рӯ, таҳқиқоти теломер аксар вақт на ҳамчун кӯшиши расидан ба ҷовидонагӣ, балки ҳамчун роҳи пиршавии солимтар тафсир мешавад, яъне ба таъхир андохтани бемориҳои дегенеративӣ, беҳтар кардани барқарорсозии бофтаҳо ва эҳтимолан дарозтар кардани умр на ба таври беохир, балки то андозаи муайян.
Ҳудуди ахлоқӣ
Аммо ҳатто агар илм ба муваффақият расад ҳам, саволҳои муҳимтар пеш меоянд. Ба чунин усулҳои муолиҷа кӣ дастрасӣ хоҳад дошт? Оё ҷавонии дарозмуддат танҳо барои сарватмандон захира шуда, дар ҷомеа фарқиятҳои нав ба вуҷуд намеорад? Агар давомнокии умр ба ҷои даҳсолаҳо ба асрҳо кашида шавад, ин ба захираҳои ҷаҳонӣ чӣ гуна таъсир хоҳад расонд? Худи биология ба ин саволҳо ҷавоб дода наметавонад. Онҳо мулоҳизаи амиқи ахлоқшиносон, сиёсатмадорон ва ҷомеаро дар маҷмуъ талаб мекунанд.
Ҳоло ҷовидонӣ дастнорас боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ин, биологияи теломерҳо тасаввуроти моро дар бораи пиршавӣ куллан тағйир дод ва организмҳое чун гидра ва наҳангҳои Гренландия ба мо хотиррасон мекунанд, ки табиат бо вариантҳои алтернативӣ таҷриба гузаронидааст. Ҳанӯз маълум нест, ки оё ва кай инсоният метавонад ин механизмҳоро аз худ кунад.
Ҳоло зиндагии ҷовидона орзуи дастнорас боқӣ мемонад. Аммо биологияи теломерҳо аллакай тасаввуроти моро дар бораи пиршавӣ тағйир додааст. Организмҳое чун гидра ва наҳанги Гренландия бошанд, ёдовар мешаванд, ки табиат роҳҳои алтернативиро санҷидааст. Маълум нест, ки оё инсоният рӯзе ин механизмҳоро аз худ карда метавонад ё не. Он чи равшан аст, ин аст, ки таҳқиқоти теломерҳо моро ба нуқтае наздик мекунад, ки дар он марзи илм ва илмии тахайюлӣ норавшан мешавад. Дар инҷо орзуи зиндагии ҷовидона дигар хаёл нест, балки ба саволҳои илмии "агар", "кай" ва аз ҳама муҳимаш "чӣ гуна" табдил меёбад.
Edited by Mashhura Qudratova and Mehriniso
References:
- Schaible, R., Scheuerlein, A., Dańko, M. J., Gampe, J., Martínez, D. E., & Vaupel, J. W. (2014). Constant mortality and fertility over age in Hydra. Experimental Gerontology, 48(7), 684–691.
https://doi.org/10.1016/j.exger.2012.02.010 - Firsanov, D., et al. (2024). Enhanced DNA repair and genomic stability in the bowhead whale. Nature Communications.
https://doi.org/10.1038/s41467-024-45197-y - Brane, A. C., et al. (2019). Telomere biology and the search for healthy longevity. Frontiers in Genetics, 10, 318.
https://doi.org/10.3389/fgene.2019.00318 - Porika, M., et al. (2022). CRISPR-Cas systems: A new frontier in telomere and genome research. International Journal of Molecular Sciences, 23(5), 2679.
https://doi.org/10.3390/ijms23052679 - Zhang, F., et al. (2025). Engineering telomere regulation in mice extends lifespan and healthspan. Nature Communications.
https://doi.org/10.1038/s41467-025-50899-7
Шарҳҳо
Лутфан барои навиштани шарҳ ворид шавед Ворид шудан