Имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз 50 миллион нафар бо демансия, бахусус бемории Алтсгеймер, мубориза мебаранд. Дар ИМА ин рақам аллакай аз 6 миллион гузаштааст. Ҳар сол ҳазорон ҳолати нав ошкор мешавад ва нигоҳубини беморон на танҳо боре тиббӣ, балки боре ҳиссӣ ва молиявӣ низ мебошад. Аммо яке аз саволҳои амиқтарин ин аст: чаро маҳз мағзи сар нисбат ба дигар қисмҳои бадани мо зудтар осеб мебинад? Олимон ба ҷавоби дақиқтари ин савол наздик мешаванд.
Бемории Алтсгеймер раванди табиии пиршавӣ нест, балки натиҷаи тағйироти патологии мушаххас аст. Ин беморӣ пеш аз ҳама аз ҳисоби сафедаҳои зарарноке, ки дар ҳуҷайраҳои мағзи сар — нейронҳо — ҷамъ мешаванд, инкишоф меёбад. Сафедаи амилоид дар байни ҳуҷайраҳои мағзи сар ҷамъшавии часпак пайдо мекунад, дар ҳоле ки тау дар дохили нейронҳо сохторҳои ба гиреҳ монандро ба вуҷуд меорад. Ин тағйирот интиқоли байни нейронҳоро вайрон мекунад, боиси марги нейронҳо мегардад ва дар ниҳоят ҳаҷми мағзи сарро хурд мекунад. Дар натиҷа инсон дар фикркунӣ, дар хотир нигоҳ доштан, муошират ва ҳатто иҷрои ҳаракатҳои оддии ҳаррӯза мушкилот пайдо мекунад.
Ин пиршавии шадиди мағзи сар бо чӣ алоқаманд аст? Пеш аз ҳама, бо мураккабии хоси ин узв. Мағзи сар яке аз фаъолтарин узвҳои энергетикии бадан буда, тақрибан 20 фоизи умумии энергияи истеҳсолкардаи баданро сарф мекунад. Аммо бо баланд шудани синну сол, бадан дар истеҳсол ва тақсими дурусти энергия душворӣ мекашад. Ин бошад, пеш аз ҳама ба мағзи сар таъсир мерасонад.
Ғайр аз ин, аз нуқтаи назари эволютсионӣ, организми инсон асосан барои фаъол будан то давраи репродуктивӣ "пешбинӣ шудааст". Пас аз ба анҷом расидани давраи насл овардан, равандҳои барқарорсозӣ ва навсозӣ дар организм суст мешаванд. Ин бошад, пеш аз ҳама дар системаи нейронӣ равшан зоҳир мегардад.
Омили дигар — таъсири генетикӣ мебошад. Масалан, муайян шудааст, ки мавҷудияти гени бо номи APOE-e4 хатари Алтсгеймерро зиёд мекунад. Аммо мавҷудияти ин ген кафолати зуҳури беморӣ нест. Баръакс, тарзи ҳаёти солим ва муҳити иҷтимоии устувор метавонад хатарҳои генетикиро коҳиш диҳад.
Илми муосир ҳамзамон роҳҳои пешгирӣ ва ошкор кардани барвақтии Алтсгеймерро меҷӯяд. Яке аз самтҳои умедбахштарин дар ин самт ёфтани биомаркерҳоест, ки бемориро дар марҳилаи ибтидоӣ тавассути таҳлили хун ошкор мекунанд. Самти дигар — доруворие, ки барои нест кардани сафедаҳои зарарнок нигаронида шудааст. Ҳамчунин, омӯзиши амиқтари он, ки тағйироти тарзи ҳаёт — хӯрокхӯрӣ, фаъолияти ҷисмонӣ, сифати хоб — чӣ гуна ба саломатии мағзи сар таъсир мерасонад, идома дорад.
Аммо илм то ҳол табобати ниҳоиро наёфтааст. Аз ин рӯ, самараноктарин чораҳо чораҳои профилактикӣ мебошанд. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки хӯрокхӯрии солим, масалан парҳези мутавозине ба монанди парҳези баҳри Миёназамин, саломатии дилу рагҳоро беҳтар мекунад ва дар натиҷа мағзи сарро муҳофизат мекунад. Фаъолияти ҷисмонӣ — ҳатто пиёдагардии ҳаррӯзаи 30 дақиқа — гардиши хуни мағзи сарро фаъол мекунад ва ба ташаккули нейронҳои нав мусоидат мекунад. Фаъолияти ақлӣ — хондани китоб, омӯзиши забон, ҳал кардани муаммоҳо — мағзи сарро фаъол карда, хатари демансияро коҳиш медиҳад. Робитаҳои иҷтимоӣ низ набояд аз назар дур монанд. Танҳоӣ на танҳо ҳолати ҳиссӣ, балки хатари неврологӣ низ мебошад.
Хоб омили муҳими дигар аст. Дар вақти хоб мағзи сар аз сафедаҳои зарарнок тоза мешавад. Хоби кофӣ ва босифат шарти муҳими ин раванд ба ҳисоб меравад.
Бешубҳа, бемории Алтсгеймер танҳо бо фоҷиаи шахсӣ маҳдуд намешавад. Ин беморӣ ба оила, ҷомеа ва тамоми низоми нигаҳдории тандурустӣ таъсир мерасонад. Аммо тавассути дарки амиқтари ин беморӣ ва ҷорӣ намудани одатҳои сода, вале самараноки солим, мо метавонем дар пешгирии Алтсгеймер нақши муҳим бозем.
Мағзи сар — узвест, ки моҳияти моро муайян мекунад. Муҳофизат кардани он на танҳо умри дарозро, балки нигоҳ доштани сифати зиндагиро низ ифода мекунад.
Адабиёт ва маълумоти иловагӣ
Greene, J. (2024). Why Do Our Brains Age Faster Than Our Bodies? Psychology Today. Санаи гирифта шудан: 11 июли 2025, манбаъ: https://www.psychologytoday.com/us/blog/common-sense-science/202502/why-do-our-brains-age-faster-than-our-bodies
Шарҳҳо
Лутфан барои навиштани шарҳ ворид шавед Ворид шудан